ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА САР ШУД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта сар шуд. Деҳқонони вилояти Хатлон аввалин шуда, ба ҷамъоварии «тиллои сафед» шурӯъ карданд. Хоҷагиҳои вилоят то имрӯз бештар аз 30 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд. Ҷамъоварии пахта баъди иди Рамазон дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ низ оғоз меёбад. Мудири шӯъбаи ғалла ва зироатҳои техникии Вазорати кишоварзӣ Муҳаммадӣ Ормонов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки алҳол нақшаи аниқи ҷамъоварии пахта муайян карда нашудааст. Комиссияи махсуси вазорат пахтазори хоҷагиҳои мамлакатро санҷида, миқдори ҳосилро муайян менамояд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки тибқи пешгӯии мутахассисони вазорати кишоварзӣ, имсол бояд хоҷагиҳои мамлакат аз ҳар гектар камаш 20 сентнерӣ ва хоҷагиҳои пешқадам то 40 сентнерӣ ҳосил гиранд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






