ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА САР ШУД

Сентябрь 17, 2009 13:01

                   Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта сар шуд. Деҳқонони вилояти Хатлон аввалин шуда, ба ҷамъоварии «тиллои сафед» шурӯъ карданд. Хоҷагиҳои вилоят то имрӯз бештар аз 30 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд. Ҷамъоварии пахта баъди иди Рамазон дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ низ оғоз меёбад.                  Мудири шӯъбаи ғалла ва зироатҳои техникии Вазорати кишоварзӣ Муҳаммадӣ Ормонов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки алҳол нақшаи аниқи ҷамъоварии пахта муайян карда нашудааст. Комиссияи махсуси вазорат пахтазори хоҷагиҳои мамлакатро санҷида, миқдори ҳосилро муайян менамояд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки тибқи пешгӯии мутахассисони вазорати кишоварзӣ, имсол бояд хоҷагиҳои мамлакат аз ҳар гектар камаш 20 сентнерӣ ва хоҷагиҳои пешқадам то 40 сентнерӣ ҳосил гиранд. 

Сентябрь 17, 2009 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар