ҶАВОНОНИ СУҒДӢ ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ РУСИЯ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Сентябрь 1, 2009 09:52

               Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Ба туфайли паймони роҳбарони вилояти Суғд ва кишвари Олтойи Русия 15 нафар дастпарварони мактабҳои миёнаи вилоят дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Барнаул таҳсил хоҳанд кард. Ду нафари дигар дар мактабҳои олии дигари кишвари Олтой таҳсил мекунанд.                 Сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҷалил Тошматов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳоло дар муассисаҳои тиббии вилоят 4 ҳазору 337 духтур кор мекунад, бо вуҷуди ин дар вилоят теъдоди зиёди духтурон намерасанд. Миқдори духтурон хусусан дар ноҳияҳои кӯҳистони дурдаст, аз ҷумла, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Табошар ва ғайра кам аст.               Ҷ.Тошматов зикр кард, ки танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 950 донишҷӯи вилояти Суғд таҳсил дорад. Вале аксари онҳо бо маблағи худ таҳсил мекунанд ва гумон аст, ки баъди хатми таҳсил ба ноҳияҳои дурдаст ба кор раванд.               Падари яке аз донишҷӯёне, ки дар кишвари Олтой таҳсил мекунанд, духтури шикастабанд Абдуғанӣ Абдуазизов мебошад. Вай зикр намуд, ки дар соҳаи тиб собиқаи 14 сола дорад. Духтари ӯ Умеда аз синни хурдӣ орзу дошт, ки хонда духтур шавад. Вай имрӯз ба мақсадаш расид. Умеда ҳамроҳи ҷавонони дигари суғдӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Барнаул таҳсил мекунад. А.Абдуазизов ва волидони дигари донишҷӯён барои ин иқдом аз раиси вилоят Қоҳир Расулзода сипосгузоранд. 

Сентябрь 1, 2009 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд