17 000 МАҲСУЛОТИ АУДИВИЗУАЛӢ МУСОДИРА ШУД

Сентябрь 24, 2009 10:26

                Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар нимсолаи соли 2009 дар ҷумҳурӣ 90 ҷиноят вобаста ба ҳуқуқвайронкунии моликияти зеҳнӣ ба қайд гирифта шудааст», гуфт зимни баромадаш муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров дар маҷлиси Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, ки дар ҳузури муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова баргузор шуд.                 Мудири шӯъбаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Н. Муқумов доир ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва мутобиқгардонии он ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ибрози назар карда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 Қонун дар бораи ҳифзи моликияти зеҳниро қабул кард ва ду маротиба солҳои 2003-2006 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои байналмилалиро вобаста ба моликияти зеҳнӣ ба тасвиб расонда, чандин дастурамалҳо нашр шудааст. Дар ҷаласа зикр шуд, ки нақши кормандони гумрук ва ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии хуқуқвайронкунӣ дар бахши моликияти зеҳнӣ калон аст. Дар соли 2006 дар ВКД ҷумҳурӣ шӯъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкунии моликияти зеҳнӣ ташкил карда шуд.                Таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта бояд ҳакориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ таҳким бахшид. Бахусус, барои омода намудани мутахассони баландтаҷриба дар мактабҳои миллии кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои судманд андешид. Зеро яке аз омилҳои асосии мубориза бо ҳуқуқваройнкунандагони моликияти зеҳнӣ ҷалби мутахассисони варзида, истифодаи техника ва таҷҳизоти муосир,тақвият бахшидани корҳои ҷустуҷӯӣ дар ин соҳа мебошад.               Пешниҳод шуд, ки бо назардошти талаботи ҷомеа дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 1-2 нафарӣ кормандони штатиро бояд бо кор таъмин кард. Тибқи иттилои муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилафрӯз Амирқулова дар ин давра аз ҷониби бозрасии Кумита 17 000 маҳсулоти аудивизуалии ғайриқонунӣ мусоидира карда шудааст.                Дар анҷоми ҷаласа муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ҷиҳати рафъи мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сентябрь 24, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид