17 000 МАҲСУЛОТИ АУДИВИЗУАЛӢ МУСОДИРА ШУД
Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар нимсолаи соли 2009 дар ҷумҳурӣ 90 ҷиноят вобаста ба ҳуқуқвайронкунии моликияти зеҳнӣ ба қайд гирифта шудааст», гуфт зимни баромадаш муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров дар маҷлиси Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, ки дар ҳузури муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова баргузор шуд. Мудири шӯъбаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Н. Муқумов доир ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва мутобиқгардонии он ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ибрози назар карда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 Қонун дар бораи ҳифзи моликияти зеҳниро қабул кард ва ду маротиба солҳои 2003-2006 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои байналмилалиро вобаста ба моликияти зеҳнӣ ба тасвиб расонда, чандин дастурамалҳо нашр шудааст. Дар ҷаласа зикр шуд, ки нақши кормандони гумрук ва ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии хуқуқвайронкунӣ дар бахши моликияти зеҳнӣ калон аст. Дар соли 2006 дар ВКД ҷумҳурӣ шӯъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкунии моликияти зеҳнӣ ташкил карда шуд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта бояд ҳакориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ таҳким бахшид. Бахусус, барои омода намудани мутахассони баландтаҷриба дар мактабҳои миллии кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои судманд андешид. Зеро яке аз омилҳои асосии мубориза бо ҳуқуқваройнкунандагони моликияти зеҳнӣ ҷалби мутахассисони варзида, истифодаи техника ва таҷҳизоти муосир,тақвият бахшидани корҳои ҷустуҷӯӣ дар ин соҳа мебошад. Пешниҳод шуд, ки бо назардошти талаботи ҷомеа дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 1-2 нафарӣ кормандони штатиро бояд бо кор таъмин кард. Тибқи иттилои муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилафрӯз Амирқулова дар ин давра аз ҷониби бозрасии Кумита 17 000 маҳсулоти аудивизуалии ғайриқонунӣ мусоидира карда шудааст. Дар анҷоми ҷаласа муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ҷиҳати рафъи мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд






