174275 СОМОНӢ ҶАРИМА АЗ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

Сентябрь 17, 2009 11:44

                 Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар двоми моҳҳои сипаригаштаи соли 2009 дар ҳудуди ҷумҳурӣ нисбат ба буду боши шаҳрвандони хориҷӣ 145 амалиёт, аз ҷумла амалиёти «Муҳоҷир», «Филтр», «Нелегал», «Нақлиёт» ва «Кофтуков» гузаронида, нисбат ба 217 нафар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.                  Дар шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати ВКД ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз шумораи дар боло зикргардида нисбат ба 181 нафарашон ҷарима баста шуд, ки маблағи умумии он 174 ҳазору 275 сомониро ташкил дод. Нисбат ба 30 нафари дигар протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, мувофиқи моддаи 197-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» огоҳонида шуданд. 

Сентябрь 17, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд