25 МИЛЛИОН БАРОИ ОЗМУНИ « 5 СИТОРА. ИНТЕРВИДЕНИЕ»
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Омодагиҳо барои баргузории Озмуни байналмилалии сарояндагони ҷавон «5 ситора. Интервидение» муваққатан қатъ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов, ки бо роҳбарияти «Шабакаи якуми» — и Русия ва ҶММ «Красний квадрат» ҷаласаи корӣ баргузор намуд, иттилоъ дод. «Сабаби асосии мавқуфгузории чандинкаратаи Озмун мушкилоти молиявии ҷониби Русия мебошад, — вазъиятро чунин шарҳ дод Асадулло Раҳмонов. – Дар навбати худ Тоҷикистон омода аст Озмунро дар мӯҳлатҳои муайяншуда бо иҷрои тамоми ӯҳдадориҳои ба зимма гирифта баргузор намояд. Аммо, барои Озмун танҳо кӯшишҳои мо кифоя нест ва ин маънои онро надорад, ки Озмун баргузор намешавад. Дар ҷаласаи навбатӣ қарор карда шуд, ки агар то оғози моҳи октябр масъалаи маблағгузорӣ ҳал карда нашавад, он гоҳ Озмун соли 2010 баргузор мешавад. Дар ин маврид ҷои баргузории Озмун мисли пешина Тоҷикистон боқӣ мемонад». Тавре ки сарчашма иттилоъ медиҳад, Фонди байнидавлатии гуманитарии ҳамкории давлатҳои ИДМ тасмим гирифтааст, ки барои баргузории Озмуни «5 ситора. Интервидение» 25 миллион рубл ҷудо намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






