А. ШЕЪРДӮСТ: «ТРУБИНАҲОИ ОБИИ «САНГТӮДА-2» ДАР БАНДАР –АББОС ҚАРОР ДОРАНД»
Душанбе, 23 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар рӯзҳои таҷлили 18-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи бемористон ва Маркази омӯзишии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе нишоне аз муборакии муносибатҳои ду кишвари ҳамзабон — Тоҷикистон ва Эрон буда, саҳифаи наверо дар таҳкими робитаҳои иқтисодии ҳар ду кишвар боз кард», гуфт зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст. Бемористон ва Маркази омӯзишию тахассусии Абӯали ибни Сино, ки бо сармоягузории бахши хусусии Эрон дар бинои 8 ошёна ифтитоҳ шуд, дар равобити дипломатӣ ва бахши тавсеаи ҳамкориҳои тандурустии Тоҷикистону Эрон қадами муассир буд. Маркази омӯзишии Абӯалӣ ибни Сино дар 8 ошёна бо 14 миллион доллар сармоягузорӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ барои табобати бемориҳои қалб ва гурда ҷиҳозонида шудааст. Бо сармоягузории доктор Алии Саломат ва ширкати «Таҷҳизгустар» ва аз ҷониби Тоҷикистон Абдулхолиқ Халилов таъсис дода шудааст. Он муҷаҳҳазтарин Маркази тиббии бемориҳои дил ва гурда дар Осиёи Марказӣ аст. Марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ буда, ҳар чизе, ки дар олами пизишкӣ дар бахши озмоишгоҳ ва анализ лозим аст дар ин озмоишгоҳ вуҷуд дорад. Шӯъбаи родиоложӣ, онжографӣ, бахши пас аз онжографӣ, се утоқи ҷарроҳии қалб ойсиюи пас аз ҷарроҳии қалб, шӯъбаи муроқибати шадиди пас аз ойсию бо имкониятҳои зиёд, шӯъбаи сисию бо 16 тахти хоб, бахши утоқи амали уроложӣ барои бемориҳои гурда, шӯъбаи сангшикан барои бемориҳои гурда ва шӯъбаи парасторӣ бо 43 тахт дар ҳоли фаъолият аст. Ин бемористон бо дурбине муҷаҳҳаз гардидаст, ки ҳангоми амали ҷарроҳӣ тамоми тасвири беморро тавассути як монитор ба толорҳои дигар мефиристад. Як нуктае, ки ҳангоми ташкили ин бемористон мавриди назар буд, бахши омӯзиш ба шумор мерафт. Дар бемористон 60 % -ро мутахассисони тоҷик ва 40% -ро мутахассиони эронӣ ташкил медиҳад. Дар оянда теъдоди мутахассисони тоҷик меафзояд. Мо ин ҷоро натанҳо як бемористон, балки ҳамчун маркази омӯзишӣ барои омода кардани табибон, парасторон, мутахассиони баландтаҷрибаи озмоишӣ омода намудаем. Он аз назари илмӣ бузургтарин ва муҳимтарин Марказ буда, табибони эронӣ, ки собиқаи калон дар бахши бемориҳои дил ва гурда доранд, фаъолият мекунанд. Онҳо инчунин, дар бахши парасторӣ, улуми озмоишгоҳӣ, ки кадрҳои муҳими бахши тиббии Эрон мебошанд, дар баробари табобати беморон, хамчунин, дар омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои тиббии тоҷик саҳми муносиб мегузоранд. Бояд гуфт, ки ҳар моҳ қариб сад шаҳрвандони Тоҷикистон барои табобат дар бемористонҳои Эрон ба ин кишвар сафар мекунанд ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба онҳо раводид медиҳад. Бо ифтитоҳи ин бемористон дар Душанбе беморон имкон пайдо мекунанд, ки дар ин ҷо табобат гиранд. Мо хушҳолем, ки ин Маркази тиббӣ дар арафаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ карда шуд. Марказро Президенти Тоҷикистон як воҳиди муҳими иҷтимоӣ дар арсаи ҳамкориҳои тандурустӣ байни ду кишвар арзёбӣ карданд. Ба Дастгоҳи иҷроия дастур доданд, то ҳар шахсе, ки дар ин замина сармоягузорӣ кардан мехоҳад, имкониятҳои лозимро дар ихтиёри онҳо қарор бидиҳанд. Ҷаноби Сафир оё дар оянда дар Тоҷикистон ташкили чунин бемористонҳо дар назар дошта шудааст? Бале, ташкили 3 бемористон аз ҷониби бахши хусусӣ ва 2 бемористон аз тарафи бахши давлатии Эрон ба нақша гирифта шудааст. Аз тарафи давлат бемористони муҷаҳҳазе бо дастгоҳҳои линзавӣ барои ҷарроҳӣ, ки тавасути линза сурат мегирад аз ҷониби Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар воқеъ, корҳо дар ин самт шурӯъ гардидаанд. Аз сӯи Ҳилоли Аҳмари Эрон низ ташкили як маркази табобатӣ дар нақша ҳаст. Алҳол, ҷониби Эрон ҷиҳати муайян кардани маҳали онҳо ниёзманди ҳамкории густурда бо Тоҷикистон аст. Дар ин бора бо Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот доштем. Чунин, мулоқот идома хоҳад ёфт. Раиси шаҳри Душанбе дар ин самт дастурҳои мушаххас низ доданд, ки дар оянда маҳалҳои ташкили бемористонҳо муайян мешаванд ва Эрон барои таҷҳизонидани ин бемористонҳо бо асбобу анҷоми муосири тиббӣ ва таъмини мутахассисони баландтаҷрибаи тиббӣ мусоидат менамояд. Дар бахши хусусӣ, мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик бемористонҳоеро барои табобати бемориҳои чашм, системаи асаб ва сутунмӯҳра низ ташкил намоем. Ҳамчунин, бемористоне барои касалиҳои пӯст ва ҷарроҳии пластикӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд, ки барои ҳар сеи ин бемористонҳо гурӯҳҳои табибон аз Эрон омадаанд дар Душанбе ҷойҳои лозимро дидаанд ва корҳои муқаддамотиро шурӯъ кардаанд ва аз кишварҳои пешрафтаи дунё ва аз худи Эрон дастгоҳҳои муосири тиббӣ оварда мешаванд. Ҳамкории Сафорати Эрон бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дар кадом поя аст? Ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ зимни сафари охири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва дидору мулоқоташ бо роҳбари муаззами Эрон Оятулло Хомайнаӣ ва Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод як раванди пуршитобтареро ба худ гирифт. Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳои Сафорати Эрон дар Душанбе бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино беш аз пеш густариш меёбад. Чанде пеш гурӯҳи донишҷӯёни бахши дорусозии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон барои омӯхтани таҷриба ба Эрон сафар карданд ва дар марказу корхона ва донишгоҳҳои бонуфузи ин кишвар таҷриба андӯхтанд. Дар оянда дар бахши дорусозӣ Эрон бо Тоҷикистон ҳамкориро тақвият мебахшад. Сохтмони корхонаи дорусозӣ дар Тоҷикистон дар назар аст. Дар Эрон сад дар сади дорую дармон дар дохили кишвар истеҳсол мешавад. Мо ҳамкориҳоро дар арсаи беҳдошту дармон бахше аз ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон маънидод мекунем. То ҷое мусалламаст, Эрон дар сохтмони иншоотҳои муҳими стратегии Тоҷикистон саҳми калон дорад. Яке аз онҳо нақби «Истиқлол» аст. Сабаб дар чист, ки то ҳанӯз сохтмони ин иншооти муҳим пурра ба анҷом нарасидааст? Он корҳое, ки тибқи протокол дар ихтиёри Эрон будааст дар рӯзи ифтитоҳи нақб ба анҷом расонида шудаанд. Дар қарордоди сохтмони нақб мутаасифона бо айби муҳандисони шояд эронӣ, шояд тоҷик ва ё масъулин сохтмони системаи равшаннамоӣ, ҳаворасонӣ, оташхомӯшкунӣ ва ҳидояти обҳои изофиро ба назар нагирифтанд. Яъне ин масъалаҳо дар қарордод зикр нашудааст. Барои анҷоми ин корҳо 6 миллион доллар маблағ лозим аст. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки Эрон ин маблағро низ ҳадя кунад. Мо ҳам дар талош ҳастем, ки ин маблағро Эрон ҷудо намояд. 1 миллион доллар ҳадяи Раиси Ҷумҳури Эронро 1 моҳ қабл мо гирифтем ва ба ширкати сохтмонии нақб дода шуд. Алҳол, 5 миллион доллари дигарро Эрон ба шакли қарз мувофиқа кардааст. Ҳайате аз Тоҷикистон ба Теҳрон рафтанд, дар масъалаи замони бозпардохташ тавофуқ накарданд. Дастуре, ки аз ҷониби доктор Маҳмуд Аҳмадинажод барои эҳдои ин пул гирифтем, умедворам, ки ба итмом бирасад. Мумкин аст, ки ҷониби Эрон ин пулро ҳадя мекунад ё бо як формулаи муайяне, ки ҷониби Тоҷикистон онро бипазирад, таъмин намояд. Аммо сохтмони пурраи нақб мушкили ҷониби Эрон нест. Яъне рӯзе, ки нақб супорида шудааст дар асоси протоколҳои имзошуда масъулияти ширкати эронӣ ба анҷом расидааст. Умедворем, ки қабл аз фасли зимистон сохтмони пурраи нақби «Истиқлол» иншоллоҳ ба итмом расонида мешавад. Алҳол, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигари стратегӣ — НБО «Сангтӯда-2», ки аз ҷониби Эрон сохта мешавад, дар кадом сатҳ аст? Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати эронии «Сангоб» дар Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» хеле босуръат пеш меравад. Соли равон аз сабаби боришоти зиёд ва сероб гардидани дарё дар баъзе аз бахшҳои нерӯгоҳ амалиёти бетонрезӣ бо шиддати ҷараёни об каме ба мушкилот мувоҷеҳ гардид, аммо мутахассиону муҳандисони ширкати «Сангоб» ин мушкилотро бартараф карданд. Трубинаҳои обии нерӯгоҳ аз Чин тавассути киштӣ ба Эрон интиқол дода шудааст ва алҳол дар Бандар- Аббоси Эрон қарор дорад. Ва бояд ба Тоҷикистон оварда шавад. Баъзе аз таҷҳизоти зарурии нерӯгоҳ ба Тоҷикистон фиристонида шудааст, вале дар баъзе минтақаҳои марзии Тоҷикистон барои ворид шудан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Дар назар аст, ки ин НБО- «Сангтӯда-2» дар мӯҳлати муайяншуда ба истифода супорида мешавад. Новобаста ба шароити бӯҳрони молиявӣ сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар кадом сатҳ аст? Бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодӣ дар соли 2008 равобити иқтисодии ду кишвар дар бахши хусусӣ 2,5 баробар афзоиш ёфт. Сармоягузории бахши хусусии Эрон дар Тоҷикистон хеле фаъол аст. Хусусан дар мавриди сохтмони биноҳои истиқоматӣ, марказҳои тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, хамкориҳо дар бахши ташкили корхонаҳо оид ба коркарди пӯст, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа.Онҳо барномаҳои муҳим доранд, ки дар ҳоли иҷро аст. Эрониҳо дар арсаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ менамоянд. Умед аст, ки дар оянда самараи нек медиҳанд.