АНҶУМАНИ БОЗАРГОНОНИ ТОҶИКУ ҲИНД
Душанбе, 1 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ҳиндустон аз 7 то 9 сентябри соли равон дар Душанбе зимни сафари нахустини расмии Президенти Ҳиндустон хонум Пратиб Девисинг Патил ба Тоҷикистон доир мегардад. Аз Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар Анҷумани cоҳибкорон беш аз 40 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои дорусозӣ, энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, нассоҷӣ, технологӣ ва дигар бахшҳои тиҷоратии Ҳиндустон иштирок менамоянд. Ҳадафи асосии Анҷумани бозаргонони тоҷику ҳинд тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Ҳиндустон аст. Дар назар аст, ки дар доираи баргузории ин Анҷуман вохӯрию мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон, доир гардида, қарордодҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои ҳар ду кишвар ба имзо хоҳанд расид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






