АНҶУМАНИ БОЗАРГОНОНИ ТОҶИКУ ҲИНД

Сентябрь 1, 2009 11:02

                Душанбе, 1 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ҳиндустон аз 7 то 9 сентябри соли равон дар Душанбе зимни сафари нахустини расмии Президенти Ҳиндустон хонум Пратиб Девисинг Патил ба Тоҷикистон доир мегардад.                Аз Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар Анҷумани cоҳибкорон беш аз 40 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои дорусозӣ, энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, нассоҷӣ, технологӣ ва дигар бахшҳои тиҷоратии Ҳиндустон иштирок менамоянд.                 Ҳадафи асосии Анҷумани бозаргонони тоҷику ҳинд тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Ҳиндустон аст. Дар назар аст, ки дар доираи баргузории ин Анҷуман вохӯрию мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон, доир гардида, қарордодҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои ҳар ду кишвар ба имзо хоҳанд расид.

Сентябрь 1, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад