БА ҶОИ ДОЛЛАР ПУЛИ НАВИ ҶАҲОНӢ ҶОРӢ МЕШАВАД?

Сентябрь 10, 2009 15:33

               Лондон, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Вести.ру). – Дар ҳисоботи конфронси Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои тиҷорат ва рушд хабар дода мешавад, ки низоми имрӯзаи муомилоти пул ва қоидаҳои асосии марбут ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳамдигар мувофиқат намекунанд ва ҳамин вазъият сабаби асосии ба миён омадани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ гардидааст. Дар ҳисобот инчунин қайд карда мешавад, ки дар шароити ҳозира доллари ИМА дар саросари ҷаҳон ҳамчун пули асосӣ истифода мешавад. Пешниҳод карда мешавад, ки низоми ҳозираи муомилоти пул ва сиёсати пулу қарз дар саросари ҷаҳон бояд таҷдиди назар карда шавад.                 Бояд гуфт, ки баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла, Русия ва Чин аллакай пешниҳод карда буданд, ки ба ҷои доллар пули нави умумиҷаҳонӣ ҷорӣ карда шавад. Маърӯзаи конфронси СММ дар масъалаҳои тиҷорат ва рушд дар ин масъала ҳуҷҷати ягонаи расмӣ мебошад, ки чунин проблемаро ба миён гузоштааст. Моҳиятан, ҳисобот даъват мекунад, ки дар саросари ҷаҳон низоми нави идорашавандаи арзиши пул ва муомилоти он ҷорӣ карда шавад. Пешниҳод карда мешавад, ки барои ҷорӣ кардани пули нав системаи Бреттон – Вудский ҳамчун асос қабул карда шавад. Ин чунин маъно дорад, ки бонкҳои марказии мамлакатҳои ҷаҳон бояд ба ҷараёни муомилоти пул дахолат карда, дар ҳудуди мамлакатҳояшон қурби муомилотии пулро ба низом дароранд. Маърӯза ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки мамлакатҳои дорои захираи калони асъори хориҷӣ ба мисли Олмон ва Чин бояд иқтисодиёти худро тараққӣ дода, номувозинатии пул ва иқтисодиётро бартараф созанд. Дар ин маврид бори асосии барқарор сохтани ҷараёни халалдор гардидаи тавозуни пул ва истеҳсолот ба зиммаи давлатҳое гузошта мешавад, ки ба проблемаи камбуди буҷет рӯ ба рӯ гардидаанд. Ба ин мамлакатҳо пеш аз ҳама ИМА ва Британияи Кабир мисоли равшан мебошанд.                 Бо пули нави ҷаҳонӣ иваз кардани доллар имкон медиҳад, ки баъзе проблемаҳои вобаста ба имкониятҳои мамлакатҳои дорои ҳаҷми калони таворуми пул ҳал карда шаванд. Дар ин маврид системаи идораи ҷараёни тағйирёбандаи арзиши пулро ба вуҷуд овардан лозим аст. Пешниҳод карда мешавад, ки идораи ҷараёни мубодилаи асъор ва муқаррар намудани қурби пул ба зиммаи як созмони мутамарказонидашуда, масалан, Хазинаи байналмилалии асъор гузошта шавад.

Сентябрь 10, 2009 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд