БАРҚИЯИ ШОДБОШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА УНВОНИ ИСЛОМ КАРИМОВ

Сентябрь 2, 2009 10:09

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбош фиристод. Дар он аз ҷумла, гуфта мешавад:                 «Ислом Абдуғаниевичи мӯҳтарам, аз фурсати мусоид истифода бурда, Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Ӯзбекистонро ба муносибати солгарди навбатии иди миллии мамлакататон – эълони истиқлолияти давлатии он самимона табрик менамоям.                 Мамлакатҳои моро муносибатҳои бисёрасраи дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳамдигар мепайванданд. Мо дар марҳалаи ҳозира ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун густариш бахшида, мисли пештара давом додани анъанаҳои неки гузаштаю имрӯзаро ҷонибдорӣ менамоем.                 Муносибатҳои мо аз бисёр ҷиҳат ба шарофати кӯшишҳои Шумо вақтҳои охир нерӯи тоза пайдо карданд. Ин ба истифодаи бештари имкониятҳои равнақу ривоҷи ҳамкории мамлакатҳоямон кӯмак мерасонад. Мо умедвори идомаи ҳамкории мутақобалаи самарабахши Тоҷикистону Ӯзбекистон ба манфиати халқҳои онҳо ва таъмини амнияту суботи минтақа мебошем. Мо барои ин тайёрем, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода барем.                Аз ин лаҳзаҳои фараҳбахш истифода бурда, ба Шумо, Ислом Абдуғаниевичи гиромӣ саломатӣ, барору комёбиҳои нав ва ба халқи бародари ӯзбек дар оилаи калони миллатҳои Осиёи Марказӣ сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».

Сентябрь 2, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд