БАРРАСИИ МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ ТИББИ ХАЛҚӢ

Сентябрь 22, 2009 16:36

                 Душанбе, 22 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 24 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маҳфили илмию машваратии «Тибби халқӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он» баргузор мегардад.                  Дар он олимону мутахассисони тибби халқӣ ва табибони халқии ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идораҳо ширкат меварзанд.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» номзади илмҳои тиб, Муллозуҳур Тоҳирӣ иттилоъ дод, дар он оид ба дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаби тибби халқӣ, ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатномаҳо барои табибони халқӣ, қабули аъзоёни нав ба узвияти Ассотсиатсияи касбии тибби анъанавӣ ва таҳияи маълумотнома оид ба тибби халқӣ, тибби хусусӣ ва дорухонаҳои хусусӣ муҳокима карда мешаванд.                  «Инчунин, яке аз масъалаҳои муҳимро оид ба омодагӣ барои баргузории Конгресси 4-уми байналхалқӣ дар мавзӯи «Тибби халқӣ ва дурнамои рушди он», ки соли 2010 баргузор мегардад муҳокима хоҳем кард», — гуфт М. Зоҳирӣ. 

Сентябрь 22, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд