«БЕПУЛ СУХАНАТ АСАР НАДОРАД»

Сентябрь 10, 2009 09:36

                Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директории корхонаи давлатии «Душанбегаз» Давлаталӣ Ҳомидов, тибқи нақша соли ҷорӣ бояд 3500 метр лӯлаҳои газӣ, ки корношоям гардидаанд, иваз карда мешуд, мутахассисон аз рӯи имконияти молиявӣ 160 метр лӯлаҳои газиро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 880 метр дар ноҳияи Сино, 950 метр дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 290 метр лӯларо дар ноҳияи Шоҳмансур иваз карданд.                -Ҳоло дар 996 манзили истиқоматии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 82 манзил дар ноҳияи Сино, 65 манзил дар қисмати ҷанубии ҳамин ноҳия, 6 манзил дар ноҳияи Фирдавсӣ ва боз 56 хона дар ҳамин ноҳия ба гирифтани газ омода мешаванд, ҳамчунин 46 хона дар ноҳияи Шоҳмансур барои гирифтани газ тайёр аст. Ба қавле додани газ ба хонаҳо оғоз ёфтааст,- иброз доштанд дар «Душанбегаз».               Бо супориши шаҳрдорӣ газ ба хонаҳое дода мешавад, ки онҳо пули газро пардохт кардаанд ва аз «Душанбегаз» қарздор нестанд.             — Хуб мешуд, ки мардум пули газро супоранду аз он беминнат истифода карда касеро гунаҳгор нахонанд, — иброз дошт директори корхона Давлаталӣ Ҳомидов ва афзуд, ки ҳақ ба ҷониби шоирест,ки гуфта: «Бепул суханат асар надорад», бо пардохти қарзҳо мардум бешубҳа соҳиби гази доимӣ хоҳанд шуд.

Сентябрь 10, 2009 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд