«БЕПУЛ СУХАНАТ АСАР НАДОРАД»
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директории корхонаи давлатии «Душанбегаз» Давлаталӣ Ҳомидов, тибқи нақша соли ҷорӣ бояд 3500 метр лӯлаҳои газӣ, ки корношоям гардидаанд, иваз карда мешуд, мутахассисон аз рӯи имконияти молиявӣ 160 метр лӯлаҳои газиро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 880 метр дар ноҳияи Сино, 950 метр дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 290 метр лӯларо дар ноҳияи Шоҳмансур иваз карданд. -Ҳоло дар 996 манзили истиқоматии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 82 манзил дар ноҳияи Сино, 65 манзил дар қисмати ҷанубии ҳамин ноҳия, 6 манзил дар ноҳияи Фирдавсӣ ва боз 56 хона дар ҳамин ноҳия ба гирифтани газ омода мешаванд, ҳамчунин 46 хона дар ноҳияи Шоҳмансур барои гирифтани газ тайёр аст. Ба қавле додани газ ба хонаҳо оғоз ёфтааст,- иброз доштанд дар «Душанбегаз». Бо супориши шаҳрдорӣ газ ба хонаҳое дода мешавад, ки онҳо пули газро пардохт кардаанд ва аз «Душанбегаз» қарздор нестанд. — Хуб мешуд, ки мардум пули газро супоранду аз он беминнат истифода карда касеро гунаҳгор нахонанд, — иброз дошт директори корхона Давлаталӣ Ҳомидов ва афзуд, ки ҳақ ба ҷониби шоирест,ки гуфта: «Бепул суханат асар надорад», бо пардохти қарзҳо мардум бешубҳа соҳиби гази доимӣ хоҳанд шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






