БОВАРИЮ ЭЪТИМОДИ ХАЛҚҲОИ АРМАНИСТОН ВА ТУРКИЯ БАРҚАРОР КАРДА МЕШАВАД

Сентябрь 1, 2009 11:26

                Боку, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). – Сарҳади Арманистону Туркия баъди эътибор пайдо кардани протоколи беҳтар сохтани муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар давоми ду моҳ комилан кушода мешавад. Дар изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии Туркияю Арманистон, инчунин мамлакати миёнарав — Швейтсария гуфта мешавад, ки машваратҳои сиёсӣ дар байни ҳар ду кишвар шаш ҳафта давом мекунанд. Баъди ин таҳти роҳбарии вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар барои муқаррар намудани тартиби кори комиссияи байниҳукуматӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда хоҳад шуд. Ба гурӯҳи корӣ вазирон ва гурӯҳи махсус дохил карда мешаванд. Гурӯҳи корӣ масъалаҳо ва проблемаҳои дар байни ҳар ду мамлакат вуҷуддоштаро муайян ва ҳаллу фасл хоҳад кард.               Дар ҳайати комиссияи байниҳукуматӣ боз ҳафт комиссияи дигар бахшида ба масъалаҳои сиёсӣ, нақлиёт, алоқа, энергетика, ҳуқуқ, илму маориф, тиҷорат ва ҳамкории иқтисодӣ ташкил карда мешаванд.               Бояд гуфт, ки Туркия ва Арманистон муносибатҳои дипломатӣ надоранд, сарҳади ҳар ду мамлакат аз соли 1993 то имрӯз баста аст.

Сентябрь 1, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд