БОВАРИЮ ЭЪТИМОДИ ХАЛҚҲОИ АРМАНИСТОН ВА ТУРКИЯ БАРҚАРОР КАРДА МЕШАВАД
Боку, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). – Сарҳади Арманистону Туркия баъди эътибор пайдо кардани протоколи беҳтар сохтани муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар давоми ду моҳ комилан кушода мешавад. Дар изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии Туркияю Арманистон, инчунин мамлакати миёнарав — Швейтсария гуфта мешавад, ки машваратҳои сиёсӣ дар байни ҳар ду кишвар шаш ҳафта давом мекунанд. Баъди ин таҳти роҳбарии вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар барои муқаррар намудани тартиби кори комиссияи байниҳукуматӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда хоҳад шуд. Ба гурӯҳи корӣ вазирон ва гурӯҳи махсус дохил карда мешаванд. Гурӯҳи корӣ масъалаҳо ва проблемаҳои дар байни ҳар ду мамлакат вуҷуддоштаро муайян ва ҳаллу фасл хоҳад кард. Дар ҳайати комиссияи байниҳукуматӣ боз ҳафт комиссияи дигар бахшида ба масъалаҳои сиёсӣ, нақлиёт, алоқа, энергетика, ҳуқуқ, илму маориф, тиҷорат ва ҳамкории иқтисодӣ ташкил карда мешаванд. Бояд гуфт, ки Туркия ва Арманистон муносибатҳои дипломатӣ надоранд, сарҳади ҳар ду мамлакат аз соли 1993 то имрӯз баста аст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






