БОЗ СЕ НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Сентябрь 17, 2009 10:00

                  Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба итилои раиси дастгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар ноҳия аз ҳисоби сармоягузорони маҳаллӣ сохтмони се нерӯгоҳи хурди барқи обӣ оғоз ёфт.                 Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳар яке аз ин се нерӯгоҳ бо маблағи аз 60 то 70 ҳазор сомонӣ бунёд карда мешавад. Тибқи маълумоти мавҷуда, сохтмони ин се нерӯгоҳи хурди барқи обӣ то охири тирамоҳи соли ҷорӣ анҷом дода мешавад.                 Дар назар аст, ки то охири моҳи ноябр дар қатори се нерӯгоҳи амалкунандаи ноҳия, ки ҳар кадом бо иқтидори аз 15 то 75 кВт соат нерӯи барқ истеҳсол менамоянд, боз се нерӯгоҳ дар хизмати мардум қарор мегирад.

Сентябрь 17, 2009 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд