БОЗ СЕ НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба итилои раиси дастгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар ноҳия аз ҳисоби сармоягузорони маҳаллӣ сохтмони се нерӯгоҳи хурди барқи обӣ оғоз ёфт. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳар яке аз ин се нерӯгоҳ бо маблағи аз 60 то 70 ҳазор сомонӣ бунёд карда мешавад. Тибқи маълумоти мавҷуда, сохтмони ин се нерӯгоҳи хурди барқи обӣ то охири тирамоҳи соли ҷорӣ анҷом дода мешавад. Дар назар аст, ки то охири моҳи ноябр дар қатори се нерӯгоҳи амалкунандаи ноҳия, ки ҳар кадом бо иқтидори аз 15 то 75 кВт соат нерӯи барқ истеҳсол менамоянд, боз се нерӯгоҳ дар хизмати мардум қарор мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






