БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҲИТОЙ АЗ НБО «НОРАК» ВА КОРҲОНАИ АЛЮМИНИИ ТОҶИК

Сентябрь 7, 2009 10:55

               Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гурӯҳи ёздаҳнафараи намояндагони Бонки давлатии рушди Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ташрифи намояндагони бонки мазкур бо даъвати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» сурат гирифта, аз 6 то 10 сентябри соли равон давом хоҳад кард.               Намояндагони Бонки давлатии рушди Хитой имрӯз семинаре, ки дар мавзӯи «Пешгирии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ ва ҳамкории ташкилотҳои молиявӣ» дар Кохи «Сомон» баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки меҳмонон аз Нерӯгоҳи барқии Норак ва Заводи алюминии тоҷик дидан карда бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Амонатбонк ва дигар ташкилотҳои молиявии кишвар якчанд мулоқоту вохӯриҳо доир хоҳанд намуд.

Сентябрь 7, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд