БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҲИТОЙ АЗ НБО «НОРАК» ВА КОРҲОНАИ АЛЮМИНИИ ТОҶИК
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гурӯҳи ёздаҳнафараи намояндагони Бонки давлатии рушди Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ташрифи намояндагони бонки мазкур бо даъвати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» сурат гирифта, аз 6 то 10 сентябри соли равон давом хоҳад кард. Намояндагони Бонки давлатии рушди Хитой имрӯз семинаре, ки дар мавзӯи «Пешгирии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ ва ҳамкории ташкилотҳои молиявӣ» дар Кохи «Сомон» баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки меҳмонон аз Нерӯгоҳи барқии Норак ва Заводи алюминии тоҷик дидан карда бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Амонатбонк ва дигар ташкилотҳои молиявии кишвар якчанд мулоқоту вохӯриҳо доир хоҳанд намуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






