Чаро мавлуди Ҷ. Рӯмӣ ду бор таҷлил мешавад?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе 802 солагии зодрӯзи мутаффакир ва шоири тоҷику форс Ҷалолиддини Рӯмӣ ҷашн гирифта мешавад.Тавре ки садри раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмурод Малиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бахшида ба ҷашни мазкур дар пойтахти кишварамон як қатор чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Аз ҷумла театри русӣ-драмавии ба номи В.Маяковский намоишномаи «Муҳаббати қалам»-и Баҳодур Миралибеков ва театри давлатии академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ намоишномаи «Офати нафс»-и таҳиягар Нуриддин Ҷарониро барои дӯстдорони санъати театрӣ пешкаш мекунанд. Ҳамчунин дастаи ҳунарии филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти «Газалиёти Рӯмӣ» ва ансамбли «Сомон» барномаи театрикунонидашударо омода карданд. Ҷашни мавлуди Ҷалолиддини Рӯмӣ ҳар сол 30 сентябр дар Тоҷикистон ва 17 декабр дар шаҳри Кунияи Ҷумҳурии Туркия таҷлил мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






