ДАР ҶУМҲУРӢ ТО ИМРӮЗ 35 НБО-И ХУРД СОХТА ШУД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар ҷумҳурӣ то 1 сентябр 35 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ,бунёд ва ба истифода дода шуд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, 34 адади он НБО – и хурд бо иқтидори аз 5 то 400 кВт ва 1 адад нерӯгоҳи бодӣ бо иқтидори 1 кВт мебошад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 8 адад бо иқтидори умумии 170 кВт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 адад бо иқтидори 279,5 кВт, вилояти Хатлон 4 адад бо иқтидори 625 кВт , иқтидори умумии НБО-и хурди ба истифода додашуда – 1,074 МВт-ро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки бо қувваи барқ 603 хоҷагӣ ва 21 биноҳои ёрирасон таъмин карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






