ДАР ДУШАНБЕ ФАЪОЛИЯТИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 22 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Аз 24 то 25 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи чоруми якҷояи гурўҳҳои кории Тоҷикистону Россия дар доираи амалисозии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ аз 16 октябри соли 2004, баргузор мегардад. Тавре аз маракази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори он намояндагони Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард. Дар назар аст, ки дар он оид ба ташкили кор ва ҳамоҳангсозии амалӣ байни Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ оид ба қабул ва бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҶТ ба воситаи Маркази қабули муҳоҷирони меҳнат, мушкилоти гузариш аз ташхиси тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои рафтуокунанда ва истиқомат намудани онҳо, чорабиниҳои якҷоя ҷиҳати ҷалб кардани муташаккилона ва равон кардани муҳоҷирони меҳнатие, ки хоҳишманди амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд муҳокима хоханд кард. Ба ғайр аз ин, тарафҳо аз рафти амалисозиии Созишнома, оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷират назари Россияю Тоҷикистонро муҳокима намуда, аз он ҷумла бо назардошти таъсири бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин як қатор масъалаҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш ва пешниҳодҳо дар бораи ҳамоҳангсозӣ ва инкишофи амалҳои муштарак бо мақсади баланд бардоштани танзими босамари раванди муҳоҷирати дуҷониба мубодилаи афкор менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






