ДАР ЭРОН НАХУСТИН ЗАН ВАЗИР ТАЪИН ШУД

Сентябрь 5, 2009 11:16

                Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру ). – Тавре хабар дода шуда буд, Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод чанде пеш номзадии Марсих Ваҳид Дастгардиро ба мансаби вазири тандурустии мамлакат пешбарӣ карда буд. Парлумони мамлакат номзадии ӯро дастгирӣ кард. Ҳамин тариқ Ваҳид Дастгардӣ дар таърихи Эрон нахустин зан мебошад, ки ба вазифаи вазирӣ таъин гардид.               Маҳмуд Аҳмадинажод қабл аз ин ба парлумон пешниҳод карда буд, ки боз ду нафар зани дигар дар ҳукумат ба вазифаҳои вазири маориф ва вазири рушди иҷтимоӣ таъин карда шаванд. Онҳо Савсани Кишоварз ва Фотима Оҷорлу мебошанд. Вале аъзои парлумон ба муқобили интихоби номзадҳои мазкур овоз доданд. 

Сентябрь 5, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд