ДАР НЕРӮГОҲ СӮХТОР БА АМАЛ ОМАД
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 7 сентябр дар агрегати 4 нерӯгоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Қайроққум сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, сабаби сӯхтор ҳангоми кафшеркунӣ риоя накардани қоидаи бехатарии сӯхтор мебошад. Дар натиҷа коргари нерӯгоҳ кафшерчии 58 сола, Владимир Писеров 85 % сӯзиши бадан гирифта дар беморхонаи марказии шаҳри Қайроққум ба ҳалокат мерасад. Тибқи маълумоти коргарони оташнишонии шаҳри мазкур дар масоҳати 8 метри мураббаъ равғани молиданӣ сӯхта нобуд шуд. Гуноҳкор ва маблағи зарар муайян карда мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






