ДАР НОҲИЯҲОИ ДУРДАСТИ ТОҶИКИСТОН ОЗУҚА НАМЕРАСАД
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар маълумотномаи таҳқиқи амнияти озуқаворӣ ва дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи се даври таҳқиқот гуфта мешавад, ки сокинони бисёр ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ғарм, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Ашт, Сарбанд, Файзобод, Мурғоб ва ғайра вақтҳои охир бар асари бӯҳрони шадиди молиявӣ худро бо маводи озуқа таъмин карда наметавонанд. Муҳаққиқон зимни санҷиш омилҳои демографӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, тобеияти иҷтимоӣ ва вазъияти муҳоҷирати коргаронро ба назар гирифтанд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон дод, ки бештар аз 50 фоизи аҳолии маҳалҳои маскуни дурдасти ҷумҳурӣ бо маводи озуқа пурра таъмин карда намешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб 69 фоизи аҳолӣ аз нарасидани озуқаворӣ танқисӣ мекашад, 24 фоизи аҳолии ноҳия қашшоқона зиндагӣ мекунад. Дар хулосаи муҳаққиқон гуфта мешавад, ки дар ин ноҳияҳо қисми зиёди аҳолӣ бо сабаби бемории чорво аз ҳайвоноти хонагӣ маҳрум гардидаанд ё чорвои худро барои таъминоти рӯзгорашон фурӯхтаанд. Қайд карда мешавад, ки аҳолии ин ноҳияҳо бо кори доимӣ таъмин нестанд. 90 фоизи оилаҳо дар давоми се моҳи охир даромади ночиз мегиранд, бинобар ин имкон надоранд, ки маводи озуқавории зарурии худро харанд. Дар натиҷа бештар аз 80 фоизи аҳолӣ хӯроки камғизо истеъмол менамоянд. Ҳамчунин нарасидани оби тоза ба проблемаи душвор табдил ёфтааст. Дар хулосаи муҳаққиқон омадааст, ки деҳқонони ноҳияҳои Ғарму Ҷиргатол ва Тоҷикобод аз кам шудани ҳосилнокии картошка ва имконияти ба фурӯш нарафтани он ба ташвиш афтодаанд. Инчунин имсол ҳосилнокии сабзавот дар бисёр ноҳияҳо кам шуд, зеро сокинони маҳаллӣ аз сабаби набудани маводи хӯрока тухмии онро истеъмол намудаанд. Зикр карда мешавад, ки дар ин ноҳияҳо ҳатто бачагони хурдсол дар як рӯз танҳо ду маротиба хӯрок мехӯранду халос.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






