ДАР НОҲИЯҲОИ ДУРДАСТИ ТОҶИКИСТОН ОЗУҚА НАМЕРАСАД

Сентябрь 7, 2009 09:49

                Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар маълумотномаи таҳқиқи амнияти озуқаворӣ ва дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи се даври таҳқиқот гуфта мешавад, ки сокинони бисёр ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ғарм, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Ашт, Сарбанд, Файзобод, Мурғоб ва ғайра вақтҳои охир бар асари бӯҳрони шадиди молиявӣ худро бо маводи озуқа таъмин карда наметавонанд.                   Муҳаққиқон зимни санҷиш омилҳои демографӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, тобеияти иҷтимоӣ ва вазъияти муҳоҷирати коргаронро ба назар гирифтанд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон дод, ки бештар аз 50 фоизи аҳолии маҳалҳои маскуни дурдасти ҷумҳурӣ бо маводи озуқа пурра таъмин карда намешаванд.                   Аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб 69 фоизи аҳолӣ аз нарасидани озуқаворӣ танқисӣ мекашад, 24 фоизи аҳолии ноҳия қашшоқона зиндагӣ мекунад.                  Дар хулосаи муҳаққиқон гуфта мешавад, ки дар ин ноҳияҳо қисми зиёди аҳолӣ бо сабаби бемории чорво аз ҳайвоноти хонагӣ маҳрум гардидаанд ё чорвои худро барои таъминоти рӯзгорашон фурӯхтаанд.                 Қайд карда мешавад, ки аҳолии ин ноҳияҳо бо кори доимӣ таъмин нестанд. 90 фоизи оилаҳо дар давоми се моҳи охир даромади ночиз мегиранд, бинобар ин имкон надоранд, ки маводи озуқавории зарурии худро харанд. Дар натиҷа бештар аз 80 фоизи аҳолӣ хӯроки камғизо истеъмол менамоянд. Ҳамчунин нарасидани оби тоза ба проблемаи душвор табдил ёфтааст.                  Дар хулосаи муҳаққиқон омадааст, ки деҳқонони ноҳияҳои Ғарму Ҷиргатол ва Тоҷикобод аз кам шудани ҳосилнокии картошка ва имконияти ба фурӯш нарафтани он ба ташвиш афтодаанд. Инчунин имсол ҳосилнокии сабзавот дар бисёр ноҳияҳо кам шуд, зеро сокинони маҳаллӣ аз сабаби набудани маводи хӯрока тухмии онро истеъмол намудаанд. Зикр карда мешавад, ки дар ин ноҳияҳо ҳатто бачагони хурдсол дар як рӯз танҳо ду маротиба хӯрок мехӯранду халос. 

Сентябрь 7, 2009 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд