ДАР ЯК ҲАФТА 25 ҲОДИСАИ СӮХТОР БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Сентябрь 19, 2009 10:22

                    Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 25 ҳодисаи сўхтор бо хисороти молии умумии 44 590 сомонӣ ба қайд гирифта шуд.                      Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, масоҳати умумии сӯхторҳо 1 263 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд.                     Бояд қайд намуд, ки дар натҷаи расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ дар манзили истиқоматии сокини деҳаи Ҷиргатоли ноҳияи Ҷиргатол, Ҳусниддин Саддирови 62 сола сӯхтор ба амал омад.                    Алангаи оташ дар масоҳати 64 метри мураббаъ болопӯши хона ва 500 дарза захираи алафи хушкро ба маблағи 3 750 сомонӣ нобуд гардонид. Маблағи аз тарафи оташнишонон эминдоштаи молу ашёҳо баробар ба 30 ҳазор сомонӣ мебошад. Гунаҳкори ҳодиса соҳибхона дониста шудааст.                     Инчунин, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои кафшергарӣ, болопӯши ҳамоми истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи ВМКБ Айдимаҳмад Мирзоазизов дар масоҳати 48 метри мураббаъ, бо зарари 700 сомонӣ, сўхта корношоям гардид. Гунаҳкори ҳодисаи ба амаломада, худи Айдимаҳмад Мирзоазизов мебошад.                    Сарфи назар намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор аксар вақт ба соҳибкорону шаҳрвандон мушкилиҳои зиёду таъсири бади рўҳӣ мерасонад, гуфт К. Абдуллоев. Чунин як муносибат дар яке аз сехҳои коркарди пахта (пахтазанак), воқеъ дар кўчаи Р. Набиев ноҳияи Сино-1 шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор Самариддин Давлатов тааллуқ дорад оташ гирифт.                     Алангаи оташ дар як лаҳза таҷҳизоту пахтаҳои коркардшаванда ва қисме аз кипҳои пахтаи ҳудуди сехро дар масоҳати 40 метри мураббаъ фаро гирифт. Бо қабули бонги хатар оташнишонони ноҳияи номбурда ва қисми махсуси минтақавии СРХДО ба зуддӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, бо истифода аз 3 адад автомашинаҳои соҳавӣ сўхторро ба пуррагӣ хомўш намуданд.                    Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса маълум гашт, ки аз тарафи соҳибкор ба оддитарин қоидаҳои бехатарӣ диққати зарурӣ дода нашудааст. Вазъи кабелу ноқилҳои барқӣ низ дар ҳолати хатарнок қарор доранд.                    Сабаби аслӣ, гунаҳкор ва зарар аз тарафи коршиносон муайян хоҳад шуд. 

Сентябрь 19, 2009 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт