ДАР ЯК ҲАФТА 25 ҲОДИСАИ СӮХТОР БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 25 ҳодисаи сўхтор бо хисороти молии умумии 44 590 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, масоҳати умумии сӯхторҳо 1 263 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Бояд қайд намуд, ки дар натҷаи расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ дар манзили истиқоматии сокини деҳаи Ҷиргатоли ноҳияи Ҷиргатол, Ҳусниддин Саддирови 62 сола сӯхтор ба амал омад. Алангаи оташ дар масоҳати 64 метри мураббаъ болопӯши хона ва 500 дарза захираи алафи хушкро ба маблағи 3 750 сомонӣ нобуд гардонид. Маблағи аз тарафи оташнишонон эминдоштаи молу ашёҳо баробар ба 30 ҳазор сомонӣ мебошад. Гунаҳкори ҳодиса соҳибхона дониста шудааст. Инчунин, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои кафшергарӣ, болопӯши ҳамоми истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи ВМКБ Айдимаҳмад Мирзоазизов дар масоҳати 48 метри мураббаъ, бо зарари 700 сомонӣ, сўхта корношоям гардид. Гунаҳкори ҳодисаи ба амаломада, худи Айдимаҳмад Мирзоазизов мебошад. Сарфи назар намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор аксар вақт ба соҳибкорону шаҳрвандон мушкилиҳои зиёду таъсири бади рўҳӣ мерасонад, гуфт К. Абдуллоев. Чунин як муносибат дар яке аз сехҳои коркарди пахта (пахтазанак), воқеъ дар кўчаи Р. Набиев ноҳияи Сино-1 шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор Самариддин Давлатов тааллуқ дорад оташ гирифт. Алангаи оташ дар як лаҳза таҷҳизоту пахтаҳои коркардшаванда ва қисме аз кипҳои пахтаи ҳудуди сехро дар масоҳати 40 метри мураббаъ фаро гирифт. Бо қабули бонги хатар оташнишонони ноҳияи номбурда ва қисми махсуси минтақавии СРХДО ба зуддӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, бо истифода аз 3 адад автомашинаҳои соҳавӣ сўхторро ба пуррагӣ хомўш намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса маълум гашт, ки аз тарафи соҳибкор ба оддитарин қоидаҳои бехатарӣ диққати зарурӣ дода нашудааст. Вазъи кабелу ноқилҳои барқӣ низ дар ҳолати хатарнок қарор доранд. Сабаби аслӣ, гунаҳкор ва зарар аз тарафи коршиносон муайян хоҳад шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






