ДАСТАИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН 17 ЗИНА ПОЁН ФУРОМАД
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Асотсиатсияи байналхалқии федератсияҳои футболи ҷаҳон рӯйхати навбатии мақоми дастаҳои футболи мамлакатҳои ҷаҳонро нашр намуд. Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рӯйхати мазкур 17 зина поин фуромад ва имрӯз дар байни 207 мамлакати ҷаҳон ҷои 172-юмро ишғол мекунад. Дар рӯйхати пештара дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷои 155-умро ишғол менамуд. Айни ҳол дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар байни 46 мамлакат ҷойи 37-ум ва дар байни мамлакатҳои ИДМ ва Балтия ҷойи охирро ишғол менамояд. Дар байни дастаҳои мамлакатҳои ИДМ ва Балтия дастаи Русия ҷойи 6-умро ишғол мекунад. Мавқеи дастаҳои футболи мамлакатҳои ИДМ ва Балтия чунин аст: дастаи мунтахаби футболи Украина бо 19 хол дар ҷойи 25-ум, Латвия бо 56 хол дар ҷойи 58-ум, Литва бо 59 хол дар ҷойи 62-юм, Белоруссия бо 74 хол дар ҷойи 77-ум, Ӯзбекистон бо 79 хол дар ҷойи 85-ум, Молдавия бо 87 хол дар ҷойи 88-ум, Гурҷистон бо 103 хол дар ҷойи 112-ум, Эстония бо 112 хол дар ҷойи 114-ум, Арманистон бо 123 хол дар ҷойи 125-ум, Қазоқистон бо 130 хол дар ҷойи 136-ум, Озарбойҷон бо 137 хол дар ҷойи 139-ум, Қирғизистон бо 160 хол дар ҷойи 143-юм, Туркманистон бо 145 хол дар ҷойи 147-ум ва Тоҷикистон бо 155 хол дар ҷойи 172-юм қарор доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






