ДАВРИ ДУЮМИ МУСОБИҚА ОҒОЗ ЁФТ

Сентябрь 8, 2009 11:29

                Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Тоҷикистон қувваозмоиҳои даври даҳуми мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат баргузор гардиданд. Аз рӯи натиҷаи онҳо дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Вахш» бо 25 холӣ дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд.                Аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дирӯз дар натиҷаи қувваозмоиҳои даври даҳум, дастаи футболи «Хуҷанд» дастаи футболи «Парвоз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.               Дар ҷараёни қувваозмоии дастаҳои «Вахш» ва «Регар – Тадаз» муноқиша ба амал омад. Футболбозони шаҳри Турсунзода довари мусобиқаро латӯ кӯб карданд. Бо вуҷуди ин бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони «Вахш» анҷом ёфт.              Дастаҳои футболи «Регар – Тадаз» ва «Истиқлол» 20 хол дошта, ҷойҳои сеюм ва чорумро ишғол менамоянд.              Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дастаи футболи «Спитамен» бо сабаби мушкилоти молиявӣ аз идомаи мусобиқа даст кашид. Футболбозони даста ба қувваозмоии навбатӣ бо дастаи «Истиқлол» ҳозир нашуданд, бинобарин қувваозмоӣ бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи «Истиқлол» ҳисобида шуд.              Қувваозмоии дастаҳои футболи «Энергетик» ва ЦСКА «Помир» бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи энергетикҳо анҷом ёфт. Дастаи футболи «Равшан» дар майдони худ бо дастаи футболи «Гвардия» — и шаҳри Душанбе қувва озмуда бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.                Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Гвардия» соҳиби тренери нав шуд. Акнун ба дастаи мазкур мутахассиси футболи Қирғизистон Рашид Мифтоҳов роҳбарӣ мекунад.               Дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Хуҷанд» ва «Вахш» бо 25 хол ҷойҳои якуму дуюм, дастаҳои «Регар – Тадаз» ва «Истиқлол» бо 20 хол ҷойҳои сеюму чорум, дастаҳои «Энергетик» ва «Парвоз» бо 13 холӣ ҷойҳои панҷуму шашум, дастаи «Равшан» бо 11 хол ҷои ҳафтум, дастаи «Спитамен» бо 6 хол ҷои ҳаштум, дастаи «Гвардия» бо 5 хол ҷойи нӯҳум ва дастаи ЦСКА «Помир» бо 2 хол ҷойи даҳумро ишғол менамоянд.

Сентябрь 8, 2009 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд