ДАВРИ ДУЮМИ МУСОБИҚА ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Тоҷикистон қувваозмоиҳои даври даҳуми мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат баргузор гардиданд. Аз рӯи натиҷаи онҳо дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Вахш» бо 25 холӣ дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд. Аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дирӯз дар натиҷаи қувваозмоиҳои даври даҳум, дастаи футболи «Хуҷанд» дастаи футболи «Парвоз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дар ҷараёни қувваозмоии дастаҳои «Вахш» ва «Регар – Тадаз» муноқиша ба амал омад. Футболбозони шаҳри Турсунзода довари мусобиқаро латӯ кӯб карданд. Бо вуҷуди ин бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони «Вахш» анҷом ёфт. Дастаҳои футболи «Регар – Тадаз» ва «Истиқлол» 20 хол дошта, ҷойҳои сеюм ва чорумро ишғол менамоянд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дастаи футболи «Спитамен» бо сабаби мушкилоти молиявӣ аз идомаи мусобиқа даст кашид. Футболбозони даста ба қувваозмоии навбатӣ бо дастаи «Истиқлол» ҳозир нашуданд, бинобарин қувваозмоӣ бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи «Истиқлол» ҳисобида шуд. Қувваозмоии дастаҳои футболи «Энергетик» ва ЦСКА «Помир» бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи энергетикҳо анҷом ёфт. Дастаи футболи «Равшан» дар майдони худ бо дастаи футболи «Гвардия» — и шаҳри Душанбе қувва озмуда бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Гвардия» соҳиби тренери нав шуд. Акнун ба дастаи мазкур мутахассиси футболи Қирғизистон Рашид Мифтоҳов роҳбарӣ мекунад. Дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Хуҷанд» ва «Вахш» бо 25 хол ҷойҳои якуму дуюм, дастаҳои «Регар – Тадаз» ва «Истиқлол» бо 20 хол ҷойҳои сеюму чорум, дастаҳои «Энергетик» ва «Парвоз» бо 13 холӣ ҷойҳои панҷуму шашум, дастаи «Равшан» бо 11 хол ҷои ҳафтум, дастаи «Спитамен» бо 6 хол ҷои ҳаштум, дастаи «Гвардия» бо 5 хол ҷойи нӯҳум ва дастаи ЦСКА «Помир» бо 2 хол ҷойи даҳумро ишғол менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






