ДУ САДАМАИ НОХУШ ДАР 1 СЕНТЯБР

Сентябрь 2, 2009 16:00

                Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 1 сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-53» Саидмурод Сабзалиев, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Роғун — Ваҳдат дар километри 30-юм, қоидаи бехатарии ҳаракати роҳро риоя накард. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Неъматулло Наҷмиддинови 6 соларо пахш мекунад. Номбурда аз гирифтани ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.                   Ҳамчунин як садамаи нохуши нақлиёти дар ҳудуди ноҳияи Сино ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ — 2107» Худоёрбек Ширинбеков, соли таваллудаш 1985, қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда пиёдагарди ноболиғ Сабрина Саидоваи 8 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа ноболиғ аз гирифтани ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар беморхонаи Қарияи – Боло ба ҳалокат мерасад. Нисбати ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад. 

Сентябрь 2, 2009 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд