ДУ САДАМАИ НОХУШ ДАР 1 СЕНТЯБР
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 1 сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-53» Саидмурод Сабзалиев, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Роғун — Ваҳдат дар километри 30-юм, қоидаи бехатарии ҳаракати роҳро риоя накард. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Неъматулло Наҷмиддинови 6 соларо пахш мекунад. Номбурда аз гирифтани ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳамчунин як садамаи нохуши нақлиёти дар ҳудуди ноҳияи Сино ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ — 2107» Худоёрбек Ширинбеков, соли таваллудаш 1985, қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда пиёдагарди ноболиғ Сабрина Саидоваи 8 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа ноболиғ аз гирифтани ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар беморхонаи Қарияи – Боло ба ҳалокат мерасад. Нисбати ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






