ЭЪЛОН НАКАРДАНИ НАТИҶАИ АУДИТ НИГАРОНКУНАНДА АСТ

Сентябрь 18, 2009 11:12

                 Душанбе, 18 сентбр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо максади санҷиши шаффофияти Ширкати саҳҳомии холдинги «Барқи тоҷик» ширкати хориҷиии «Бедио Юнион» аудитро ба охир расонд, аммо натиҷаи аудит дар матбуоти даврӣ рӯи чоп оварда нашуд, ки ин боиси баланд шудани сару садоҳо нисбати Бонки байналмилалии асъор, Ширкати «Барки тоҷик» ва аудити бенатиҷаи ширкати «Бедио Юнион» миёни коршиносону иқтисоддонҳо ва ашхоси аз аудит бохабар гардид. Тибқи талабот мебоист натиҷаи аудит ҳатман дар матбуот чоп мешуд.                  Ба гуфти коршинос Ғуломиддин Сайфиддинов, аудит бояд ҳақиқати ҳолро дар фаъолияти корхона нишон диҳад, аммо аз чӣ бошад, ки натиҷаҳои ҳар аудит аз назари мардум пинҳон дошта мешавад, ки ин боиси рушди фасод дар корхонаҳо мегардад.                 — Азбаски аудити Ширкати «Барқи тоҷик» бо дархости Бонки байналмилалии асъор сурат гирифт ва натиҷаи аудитро ба мардум нарасониданд, чунин баназар мерасад, ки худи Бонки байналмилалии асъор худ ба фасод ғӯтидааст, — иброз доштааст коршиноси варзида, доктори илми иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров.      

Сентябрь 18, 2009 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд