ЭЪЛОН НАКАРДАНИ НАТИҶАИ АУДИТ НИГАРОНКУНАНДА АСТ
Душанбе, 18 сентбр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо максади санҷиши шаффофияти Ширкати саҳҳомии холдинги «Барқи тоҷик» ширкати хориҷиии «Бедио Юнион» аудитро ба охир расонд, аммо натиҷаи аудит дар матбуоти даврӣ рӯи чоп оварда нашуд, ки ин боиси баланд шудани сару садоҳо нисбати Бонки байналмилалии асъор, Ширкати «Барки тоҷик» ва аудити бенатиҷаи ширкати «Бедио Юнион» миёни коршиносону иқтисоддонҳо ва ашхоси аз аудит бохабар гардид. Тибқи талабот мебоист натиҷаи аудит ҳатман дар матбуот чоп мешуд. Ба гуфти коршинос Ғуломиддин Сайфиддинов, аудит бояд ҳақиқати ҳолро дар фаъолияти корхона нишон диҳад, аммо аз чӣ бошад, ки натиҷаҳои ҳар аудит аз назари мардум пинҳон дошта мешавад, ки ин боиси рушди фасод дар корхонаҳо мегардад. — Азбаски аудити Ширкати «Барқи тоҷик» бо дархости Бонки байналмилалии асъор сурат гирифт ва натиҷаи аудитро ба мардум нарасониданд, чунин баназар мерасад, ки худи Бонки байналмилалии асъор худ ба фасод ғӯтидааст, — иброз доштааст коршиноси варзида, доктори илми иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






