ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАРТИН МАРМИРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Сентябрь 15, 2009 13:42

                 15 уми сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Мармиро ба ҳузур пазируфт.                  Мартин Марми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хидматҳои махсусан муҳимаш дар рушди нақлиёт ва боркашонии байналмилалӣ бо Ордени Ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ сарфароз гардонда, аз ҷумла изҳор дошт: «таҷриба ва пешравиҳои Тоҷикистон дар рушди транзити байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани сабукиҳои гузариш аз сарҳади давлатӣ ва қаламрави кишвар барои 73 давлати боқимондаи аъзои ин иттиҳод намунаи ибрат аст».                 Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, ки дар чаҳорчӯби Конвенсияи гумрукӣ дар бораи боркашонии байналмилалӣ, Конвенсия дар бораи аҳдномаи байналмилалии боркашонӣ ва дигар санадҳо аз солҳои 90 – уми асри гузашта ба ин сӯ ҷараён дорад, баррасӣ шуд.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин созмон ва шахсан Дабири кулли он Мартин Марми барои кӯмакҳои ташкилию моддӣ дар рушди имконоти боркашонии байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.                  Мусоҳибон оид ба беҳтаршавии фазои сармоягузории Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми инвеститсионӣ оид ба сохтмон ва азнавсозии роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ва тавсиаи имконоти транзитии кишвар гуфтугӯйи судманд анҷом дода, омодагии худро баҳри рушди ҳамкории минбаъда дар ин самтҳо таъкид намуданд.                Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз дар рушди коммуникатсияҳои нақлиётии Тоҷикистон 10 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Туркия, Италия ва созмонҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ иштирок доранд.               Аз он, ки имрӯз миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ оид ба рушду такомули имконоти транзитии Тоҷикистон як санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти бештари нақши Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ дар минтақа пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ доир ба масоили транзити нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.               Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди имконоти транзитии Осиёи Марказӣ дар давраи то соли 2020» гузаронда шавад.

Сентябрь 15, 2009 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст