ФАБРИКА ДАР ДЕҲА

Сентябрь 24, 2009 09:17

                 Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сармуҳандиси фабрикаи бофандагии «Фаррес» — и деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор Эмомназар Раҷабов, иқтидори истеҳсолии фабрикаи мазкур дар як сол 1500 тонна ришта мебошад. Дар фабрикаи нави бофандагӣ, ки аз моҳи июни соли 2009 ба кор оғоз кардааст, мутахассисони ботаҷриба аз вилояти Суғд ва Қӯрғонтеппа ба кор даъват карда шуданд. Мутахассисони хуҷандӣ тибқи шартнома корҳои васлкунии дастгоҳҳоро анҷом доданд. Мутахассисони қӯрғонтеппагӣ бошанд, ба духтарон касбҳои бофандагӣ ва ресандагиро омӯхтанд.                Ҳоло дар фабрикаи бофандагии «Фаррес», ки дар як баст кор ба роҳ монда шудааст, 150 нафар духтарони деҳаҳои Гулшан, Аловуддин ва Шафтолубоғ ба кор ҷалб карда шудаанд. Дар фабрика ҳаррӯз аз 400 то 450 килограмм ришта истеҳсол карда мешавад.                Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, фабрика дар наздиктарин моҳҳо бо иқтидори пурра дар се баст бо 400 ҷои корӣ фаъолият мекунад. Истеҳсолот дар асоси дархости пешакӣ ба нақша гирифта мешавад.  

Сентябрь 24, 2009 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд