ГАРМХОНА БО КӮМАКИ НОРВЕГИЯ ДАР БАРТАНГ

Сентябрь 10, 2009 09:43

               Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз имзои созишномаи ташкилоти ғайридавлатии «Ояндасоз» — и ВМКБ бо ташкилоти экологии «Замини хурд» — и Норвегия як сол гузашт.               Тибқи созишнома, ташкилоти экологии «Замини хурд» — и Норвегия, ки ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ машгул аст, дар деҳаи Нушори водии Бартанг аз рӯи лоиҳа дар сохтмони як гармхона аз ин навъи нерӯгоҳ истифода кард. Тирамоҳи соли 2008 бо саршавии хунукиҳои қаҳратун сохтмон то тобистони соли 2009 қатъ карда шуд ва аз моҳи июни соли ҷорӣ сохтмони гармхона аз нав оғоз ёфт ва нерӯгоҳи офтобӣ низ корашро ба охир расонд.              -Акнун фермере, ки гармхона дар замини ӯ сохта шудааст барои 42 оилаи деҳаи Нушор тавассути ҳамин нерӯгоҳ сабзавот истеҳсол мекунад, — мегӯяд агрономи ҳамин гармхона Лангаршо Мавлоназаров.

Сентябрь 10, 2009 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд