ГУМОНИ ХОМИ МАҶИД ИБРОҲИМОВ

Сентябрь 22, 2009 10:48

                 Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъзан нақшаҳои бо роҳи осон пул кор кардан одамро ба доми бало меандозад, аммо одам боз таваккал мекунад. Муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд Маҷид Иброҳимов низ бо роҳи таваккал ба муттаҳам сохтани яке аз шаҳрвандони вилояти Суғд, ки номаш барои халалдор нашудани рафти тафтишот пинҳон нигоҳ дошта мешавад, хостори пайдо кардани 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ шуд. Шаҳрванд «А» чун аниқ кард, ки нияти Маҷид Иброҳимов ҷиддӣ аст ва дар сурати иҷро накардани талабаш ӯро бо алоқа доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо шахсони дигари ҷинояткор шарик хонданист, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз болояш бо ариза муроҷиат намуд.                  Маҷид Иброҳимов аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани пора дастгир гардид.   .   

Сентябрь 22, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд