ХАЛЪИ СИЛОҲИ ЯДРОӢ — РОҲИ ЯГОНАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶАҲОН !

Сентябрь 25, 2009 09:56

                Ню — Йорк, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар» — in.org.). – Таҳти раёсати Президенти ИМА Барак Обама маҷлиси махсуси Шӯрои амнияти СММ давом дорад. Дар он роҳбарон ва намояндагони давлатҳои ҷаҳон мавқеъ ва ақидаи худро дар бораи таъмини амнияти саросари ҷаҳон баён мекунанд. Дирӯз дар маҷлиси мазкур Муншии умумии СММ Пан Ги Мун сухан кард. Вай изҳор намуд, ки халъи силоҳи ядроӣ роҳи ягона ва дурусти таъмини амнияти саросари ҷаҳон мебошад.                Пан Ги Мун таъкид намуд: «То рӯзе, ки аслиҳаи қатли омм вуҷуд дорад, хавфи паҳн кардан, истифода бурдан, харидану фурӯхтан ё дуздидани он боқӣ хоҳад монд».                  Вай зикр намуд, ки имрӯз дар бисёр мамлакатҳо ҳазорон мил аслиҳаи ядроӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад. Теъдоди торафт бештари мамлакатҳо кӯшиш мекунанд, ки ба чунин аслиҳаи марговар соҳиб шаванд. Дар саросари ҷаҳон озмоиши аслиҳаи ядроӣ давом дода мешавад. Бани башар ҳар рӯз дар ҳарос аст, ки террористон аслиҳаи ядроиро ба даст оварда, барои амалӣ гардондани ҳадафҳояшон истифода мебаранд. Қайд карда шуд, ки чунин хавфи бузургро танҳо бо роҳи якҷоя нобуд сохтани аслиҳаи ядроӣ бартараф кардан мумкин аст.                Муншии умумии СММ дар ин бобат кӯшишҳои маъмурияти ИМА ва Русияро мисол оварда, зикр намуд, ки давлатҳои дигар бояд ба онҳо пайравӣ кунанд.

Сентябрь 25, 2009 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд