ХАЛЪИ СИЛОҲИ ЯДРОӢ — РОҲИ ЯГОНАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶАҲОН !
Ню — Йорк, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар» — in.org.). – Таҳти раёсати Президенти ИМА Барак Обама маҷлиси махсуси Шӯрои амнияти СММ давом дорад. Дар он роҳбарон ва намояндагони давлатҳои ҷаҳон мавқеъ ва ақидаи худро дар бораи таъмини амнияти саросари ҷаҳон баён мекунанд. Дирӯз дар маҷлиси мазкур Муншии умумии СММ Пан Ги Мун сухан кард. Вай изҳор намуд, ки халъи силоҳи ядроӣ роҳи ягона ва дурусти таъмини амнияти саросари ҷаҳон мебошад. Пан Ги Мун таъкид намуд: «То рӯзе, ки аслиҳаи қатли омм вуҷуд дорад, хавфи паҳн кардан, истифода бурдан, харидану фурӯхтан ё дуздидани он боқӣ хоҳад монд». Вай зикр намуд, ки имрӯз дар бисёр мамлакатҳо ҳазорон мил аслиҳаи ядроӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад. Теъдоди торафт бештари мамлакатҳо кӯшиш мекунанд, ки ба чунин аслиҳаи марговар соҳиб шаванд. Дар саросари ҷаҳон озмоиши аслиҳаи ядроӣ давом дода мешавад. Бани башар ҳар рӯз дар ҳарос аст, ки террористон аслиҳаи ядроиро ба даст оварда, барои амалӣ гардондани ҳадафҳояшон истифода мебаранд. Қайд карда шуд, ки чунин хавфи бузургро танҳо бо роҳи якҷоя нобуд сохтани аслиҳаи ядроӣ бартараф кардан мумкин аст. Муншии умумии СММ дар ин бобат кӯшишҳои маъмурияти ИМА ва Русияро мисол оварда, зикр намуд, ки давлатҳои дигар бояд ба онҳо пайравӣ кунанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






