ХАРИТАИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЧОП БАРОМАД

Сентябрь 24, 2009 09:48

                 Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Нахустин бор бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ харитаи сайёҳии Тоҷикистон дар шакли ранга бо теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баромад.                 Мақсад аз табъу нашри харитаи сайёҳӣ рушди соҳа дар кишвар аст.                  Бино ба гуфти мутахассиси соҳаи рушди сайёҳии кумита Фаррух Иззатуллоев, харита бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуда, барои ҳамаи онҳое, ки бо сафари сайёҳӣ вориди Тоҷикистон мешаванд ба таври ройгон дода мешавад. Харитаи сайёҳӣ ҳамчунин миёни вакилони намояндагони дипломатии хориҷӣ дар Тоҷикистон паҳн карда шудааст.                Дар харита маълумоҳои мушаххас оид ба марказҳои сайёҳӣ дар Тоҷикисон ва ҷойҳои таърихии тамошобоби он нишон дода шудааст.                 Боис ба ёдоварист, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз аз Тоҷикистон наздик ба 5 ҳазор сайёҳони хориҷӣ дидан карданд.  

Сентябрь 24, 2009 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд