ХАТМИ КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ ЖУРНАЛИСТӢ

Сентябрь 2, 2009 10:12

               Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанд рӯз пеш 60 нафар шунаванда курси кӯтоҳмуддати журналистикаи амалиро хатм намуд, ки синни онҳо аз 18 то 30 сола мебошад.              31 август дар Иттифоқи журналистон маросими супоридани сертификатҳо ба шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати Мактаби мустақили журналистика баргузор гардид.              Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки курсҳои мазкур дар доираи барномаи «Вусъати маҳорати касбӣ ва ғанӣ гардондани таҷрибаи журналистони ҷавон» бо кӯмаки молиявии барномаи байналмилалии ЮНЕСКО ва комиссияи рушди демократияи назди Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон кушода шуда буданд.              Айни ҳол барои таҳсил дар курси мазкур гурӯҳи навбатии шунавандагон қабул карда мешаванд. Машғулияти курс моҳи сентябр шурӯъ мегардад.

Сентябрь 2, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд