ХАТМИ КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ ЖУРНАЛИСТӢ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанд рӯз пеш 60 нафар шунаванда курси кӯтоҳмуддати журналистикаи амалиро хатм намуд, ки синни онҳо аз 18 то 30 сола мебошад. 31 август дар Иттифоқи журналистон маросими супоридани сертификатҳо ба шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати Мактаби мустақили журналистика баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки курсҳои мазкур дар доираи барномаи «Вусъати маҳорати касбӣ ва ғанӣ гардондани таҷрибаи журналистони ҷавон» бо кӯмаки молиявии барномаи байналмилалии ЮНЕСКО ва комиссияи рушди демократияи назди Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон кушода шуда буданд. Айни ҳол барои таҳсил дар курси мазкур гурӯҳи навбатии шунавандагон қабул карда мешаванд. Машғулияти курс моҳи сентябр шурӯъ мегардад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






