ХОНАҲОИ НАВ БА ОМӮЗГОРОН

Сентябрь 7, 2009 09:57

                Хуҷанд, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – 5 сентябр дар арафаи ҷашни 18 — солагии истиқлолияти давлатии мамлакатамон 27 омӯзгори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Хуҷанд соҳиби хонаҳои нав гардиданд. Онҳоро ба ин муносибат раиси вилоят, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода табрик намуд.                 Директори филиали донишгоҳи мазкур Анвар Мақсудов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки барои сохтмони бинои истиқоматии чорошёна аз ҳисоби маблағи донишгоҳ 1,1 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.                Ҳамон рӯз раиси вилоят Қ.Расулзода бо омӯзгорону донишҷӯёни филиали донишгоҳ мулоқот кард. Зимни мулоқот мушкилоти таҳсилу истироҳати донишҷӯён, ҷудо кардани қитъаи замин барои гузаронидани таҷрибаи донишҷӯёни факултаи агротехнологӣ, фасли зимистон бо қувваи барқ таъмин намудани хобгоҳҳо, нарасидани синфхонаҳо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.               Раиси вилоят ваъда дод, ки ҳамаи ин масъалаҳо то ҳадди имкон мусбат ҳал карда мешаванд.

Сентябрь 7, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд