ИҚДОМИ НАҶИБИ «ҶАМШЕД» ДАР ОСТОНАИ ИДИ ФИТР

Сентябрь 19, 2009 10:55

                   Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҷамшед»-и пойтахт Сафаралӣ Солеҳов дар остонаи иди саиди Фитр аз номи худ ва кормандони ширкат ба 100 оилаи камбизоати маҳаллаи «Пахтакор» ва Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 400 лампаи каммасраф тақдим карда, ҳамчунин ба фонди хайриявии ҷумҳурӣ 1000 сомонӣ маблағ гузаронд.                   Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар пойтахт иқдоми роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр, сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи пойтахт, аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои хайриявии фитри рӯзаи шаҳрвандон дар арафаи иди Фитр барои дастгирии оилаҳои камбизоат бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ карда шуд.                 Ин иқдом дар пойтахт оғози фаъолияти эҳсонкорӣ буда, сафи ташаббускоронро дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти кишвар афзун менамояд. 

Сентябрь 19, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд