ИҚДОМИ НАҶИБИ «ҶАМШЕД» ДАР ОСТОНАИ ИДИ ФИТР
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҷамшед»-и пойтахт Сафаралӣ Солеҳов дар остонаи иди саиди Фитр аз номи худ ва кормандони ширкат ба 100 оилаи камбизоати маҳаллаи «Пахтакор» ва Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 400 лампаи каммасраф тақдим карда, ҳамчунин ба фонди хайриявии ҷумҳурӣ 1000 сомонӣ маблағ гузаронд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар пойтахт иқдоми роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр, сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи пойтахт, аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои хайриявии фитри рӯзаи шаҳрвандон дар арафаи иди Фитр барои дастгирии оилаҳои камбизоат бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ карда шуд. Ин иқдом дар пойтахт оғози фаъолияти эҳсонкорӣ буда, сафи ташаббускоронро дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти кишвар афзун менамояд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






