ИМКОНИЯТИ ИСТИФОДАИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Сентябрь 11, 2009 10:09

                Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Рӯзҳои 11 ва 12 ноябри соли 2009 дар Душанбе таҳти унвони «Имкониятҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ» конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад.                Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ташкилкунандагони конфронс Фонди Карнеги, намояндагии Палатаи тиҷоратии Амрико дар Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳҳомии «Системавтоматика» ва Иттиҳодияи энергетикҳои Тоҷикистон мебошанд. Конфронс бо кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.                Ҳадафи конфронс таҳлили имкониятҳои истифода ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ, иваз кардани таҷриба дар байни мамлакатҳои минтақа ва қабули қарорҳое мебошад, ки ба амалӣ сохтани нақшаю барномаҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат менамоянд.                   Дар конфронс мутахассисон, коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд варзид.

Сентябрь 11, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд